Пешвои миллат: «Ифтихор мекунем, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои аҳолиаш ҷавонтарини дунё ба ҳисоб меравад»

29.06.2020 22:30

Peshvoi-millat-Emomali-Rahmon4-e1593176598710_thumb.jpgДУШАНБЕ, 29.06.2020. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ зикр намуданд, ки ҷавонони ватандӯсти мамлакат дар ҳимояи дастовардҳои истиқлол, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва ободонии сарзамини аҷдодӣ нақши бисёр арзишманд доранд.

Пешвои миллат бо ифтихор иброз доштанд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои аҳолиаш ҷавонтарини дунё ба ҳисоб рафта, синни миёна дар он 24 солро ташкил медиҳад ва саҳми ҷавонон ҳамчун неруи созанда дар пешрафту ободии мамлакат ниҳоят арзишманд мебошад.

«Ба хотири тарбияи кадрҳои замони нав аз байни наврасону ҷавонон мо рушди илму маориф, бахусус, илмҳои табиӣ ва риёзиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон кардем, — тазаккур доданд Президенти мамлакат. — Чунки ояндаи ободи Тоҷикистон аз рушди илмҳои зикршуда вобаста аст ва пешрафти кишвар дар дасти кадрҳои замони нав, яъне мутахассисони сатҳи баланди касбӣ мебошад».

Нигористон

Тақвим