"Наврӯзи ҳамдилӣ" дар Муассисаи фарҳангии СҲИ

19.03.2021 07:48

Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) дар Теҳрон барномаи наврӯзӣ таҳти унвони "Наврӯзи ҳамдилӣ" - ро бо ширкати сафирону дипломатҳои муқими Теҳрон, масъулону мақомот ва ҳунармандону донишмандон баргузор намуд.

Сарвар Бахтӣ - Раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ дар суханронии худ Наврӯзро ҳалқаи васли маънавии давлатҳои минтақа дониста, онро ҷашни оштӣ, сулҳ, дӯстӣ ва меҳрубонӣ унвон кард.

 Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил - Раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Абдулғафури Ливол - Сафири Афғонистон дар Теҳрон аз дигар суханронони ин барномаи наврӯзӣ буданд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷашн фаъолона ширкат варзида, дастархони наврӯзии "Ҳафт шин"-и тоҷикӣ, ҳунарҳои дастӣ ва созҳои мусиқии тоҷикиро ба намоиш гузошт, ки бо истиқболи самимии меҳмонон рубарӯ гардид.

Меҳмонон бо аксҳои чорабиниҳои наврӯзӣ дар кишварҳои ЭКО шинос шуда, дар поён барномаи консертӣ иҷро шуд ва онҳо бо хӯроку шириниҳои миллии кишварҳои аъзои ЭКО пазироӣ шуданд.

Navruz-MF-skhi.jpg

Navruz-MF-SKHI1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg