30 марти 2021 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Конфронси 9-уми вазирони "Қалби Осиё-Раванди Истанбул" мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ алоқамандии ҷонибҳо барои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид. Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ба хусус тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо бо ишора ба нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон дар роҳи тавсеаи ҳамкориҳо бар зарурати иҷрои тавофуқоти нишасти маҷозии Кумитаи пайгирии иҷлоси 13-уми Комиссияи муштарак ва омодагии шоиста ба баргузории иҷлоси 14-уми Комиссияи муштарак дар нимаи якуми соли ҷорӣ таъкид карданд. Дар ин замина аҳаммияти афзудани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба зикр шуд.
Гузашта аз ин, ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи комили Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амниятро баррасӣ карданд.
