6 - 8 апрели 2021 сафари расмии Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Дар ҷараёни сафар генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар Теҳрон масоили тавсеъаи ҳамкориҳои ду кишвар дар самти ҳарбиву техникиро бо Вазири дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои Мусаллаҳ генерал-лейтенант Амир Ҳотамӣ ва Роҳбари Ситоди Нерӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон генерал - майор Муҳаммад Боқирӣ баррасӣ намуд.

