Нишасти матбуотӣ дар бораи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ

01.06.2021 07:36

30 майи соли 2021 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон нишасти матбуотии Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ дар бораи авлавиятҳои раёсати кишварамон дар Созмони Ҳамкории Шанхай (2020-2021) бо ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвари маҳалли маъмурият баргузор гардид.

Сафир дар суханронӣ изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи раёсати худ дар СҲШ, ки ба 20-солагии таъсисёбии Созмон рост меояд, ҳадафҳои таҳкими дӯстӣ ва ҳамҷавории нек байни давлатҳои узви Созмон, тақвияти сулҳ, амният ва субот дар минтақа, густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои тиҷорат, иқтисод ва фарҳанг, такмили заминаи ҳуқуқӣ ва тавсеаи абзорҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмон, таҳкими эътибор ва тақвияти мавқеи байналмилалии Созмони Ҳамкории Шанхайро пайгирӣ мекунад. Дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баргузории беш аз 100 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бештари онҳо дар Тоҷикистон ва бархе низ дар кишварҳои дигари узви созмон бо раёсати  Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Дар нишасти хабарӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар давраи раёсат дар СҲШ талош мекунад, ки ба тақвияти ҳамкориҳо дар масъалаи мубориза бо терроризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводди нашъаовар ва ҷинояткории созмонёфтаи фаромарзӣ, ки аз меҳварҳои аслии фаъолияти Созмон аз замони таъсисаш маҳсуб мешавад, мусоидат намояд  ва ҳамзамон  ҷиҳати   дастёбӣ ба татбиқи ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Маркази зидди маводди мухаддири СҲШ дар шаҳри Душанбе тадбирҳои лозим биандешад.

 Сафир дар идомаи нишаст,  бо ишора ба авлавиятҳои раёсати кишварамон дар самтҳои гуногуни фаъолияти СҲШ, таъкид кард, ки чорабиниҳое, ки дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баргузор мешаванд, ба  рушду тавсеаи фаъолияти Созмон, таҳкими эътибори он дар арсаи байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои СҲШ бо созмонҳои минтақавии шарик ва дар маҷмӯъ, ба ҳаллу фасли муҳимтарин вазифаҳое, ки имрӯз дар назди СҲШ истодаанд, мусоидат хоҳанд кард.

Баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ, ки ба раёсати Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020 - 2021 нуқтаи таммат мегузорад, 16-17 сентябри 2021 дар Душанбе дар назар аст.

Дар фарҷоми нишасти хабарӣ Сафири Тоҷикистон ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма посух гуфта, изҳори итминон кард, ки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ марҳалае муҳим дар рушду тавсеаи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ хоҳад буд.

Baroi-somona-IMG-20210530-WA0097.jpg

Baroi-somona-IMG-20210530-WA0099.jpg

Baroi-somona-20210530-112628.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg