Вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон

01.06.2021 07:57

01 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таъмини амният, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, мубодилаи иттилоот, дастгир намудани ҷинояткорон ва шахсони дар кофтуков карордошта гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Ҳамзамон ҷаласаи якҷояи гурӯҳҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз гардида, дар рафти он як қатор масоили муҳими ҳамкориҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

567.jpg

570.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg