02 июни соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сардори Маркази полиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сардор Ҳусейн Аштарӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон дар ин вохӯрӣ вобаста ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои муштарак пешниҳод гардид, ки Намояндагии полиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон боз карда шавад.
Дар робита ба ин самтҳои фаъолияти ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ, кофтуков ва дастгир намудани ҷинояткорон, ҳамкориҳо дар доираи Бюрои марказии миллии «Интерпол» ва ташхиси криминалистӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон дар ҷараёни сафари корӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. аз фаъолияти Нерӯҳои вижаи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон шиносоӣ пайдо намуда, аз Намоишгоҳи техникаю таҷҳизоти ҳарбии ин ниҳод, аз қабили яроқу аслиҳа ва техникаҳои вазнини ҷангӣ боздид ба амал овард.
Мавриди қайд аст, ки Нерӯҳои вижаи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти роҳандозии амалиётҳои махсус, пешгирии бетартибиҳои оммавӣ, безарар гардонидани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолияти хизматии худро пеш мебаранд.

