Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири нерӯи Эрон

08.06.2021 22:04

8 июни 2021 дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон Ризо Ардакониёнро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ алоқамандии ҷонибҳо барои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид. Масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ба хусус фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

Tajikistan-and-Iran-Ministers-meeting-08-06-2021-1.jpg

Tajikistan-and-Iran-Ministers-meeting-08-06-2021-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg