7-8 июни 2021 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон доир шуд.
Дар ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер иброз дошт, ки муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки аз таърихи соҳибистиқлол шудани кишвари мо маншаъ гирифтааст, соҳаҳои мухталифи фаъолиятҳои иқтисодию иҷтимоиро фарогир буда, яке аз самтҳои муҳимтарини тақвият бахшидани муносибатҳо ин боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2020 гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 57,7 млн. долларро ташкил дод, ки вазни хоси он дар ҳаҷми тиҷорати берунаи кишвар 1,3%-ро дар бар мегирад. Дар тиҷорати дуҷониба ба содирот 9,4 млн. доллар ва воридот 48,4 млн. доллари амрикоӣ рост меояд.
Нишондиҳандаҳо шаҳодат медиҳанд, ки байни Тоҷикистону Эрон имкониятҳои бештари ҳамкорӣ мавҷуд мебошад ва ҷонибҳо бояд онро баҳри боз ҳам ривоҷ додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии мутақобилан судманди кишварҳо равона созанд.
