Дар рӯзномаи “Осиё”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон (14 меҳрмоҳи 1400/ 6 октябри 2021) мақолае таҳти унвони “Фасли ҷадиди равобити Эрон ва Тоҷикистон оғоз шуд” ба нашр расид, ки ба натиҷаҳои ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (16 сентябри соли ҷорӣ) ва сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ ба Тоҷикистон (17-18сентябри соли ҷорӣ) бахшида шудааст.
Дар мақола авлавиятҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ, ки аз бонуфузтарин созмонҳои фароминтақавии ҷаҳони муосир маҳсуб мешавад, мавриди арзёбӣ қарор гирифта, баргузории беш аз сад чорабинии гуногун дар чаҳорчӯби СҲШ бо ибтикор ва раёсати Тоҷикистон дар давоми солҳои 2020 – 2021 таъкид гардидааст. Дар идомаи мақола ҷаласаи бошукӯҳи сарони кишварҳои узви СҲШ таҳти раёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ва дар интиҳои он ба имзо расидани 30 санади муҳим доир ба масоили марбут ба таҳкими амният дар минтақа ва ҷаҳон, ҳамоҳангсозии фаъолияти Созмон дар мубориза алайҳи терроризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои нозир, ҳамчунин қабули Эъломияи Душанбе дар бораи бистумин солгарди Созмони ҳамкории Шанхай, бо пешниҳоди Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардидани суруди расмии СҲШ ва дар интиҳои ҳамоиши мазкур бори нахуст дар таърихи Созмон садо додани он дар шумори дастовардҳои мусаллами раёсати Тоҷикистон зикр шудаанд. Рӯзнома бо ибрози хурсандӣ аз оғози раванди пайвастани Ҷумҳурии Исломии Эрон ба узвияти комили Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳамоиши Душанбе, таъкид кардааст, ки ин амр ба тавсеаи равобити сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратии ҶИЭ бо кишварҳои узви СҲШ мусоидат хоҳад кард.
Дар мақола ҳамчунин натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон, ки бо даъвати расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, баланд арзёбӣ гардидааст. Ба таъкиди рӯзнома, мулоқотҳои баргузоргардида миёни роҳбарони ду кишвар ва тавофуқҳои ҳосилшуда, ба имзо расидани нуҳ санади дуҷониба дар самтҳои гуногуни ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон, вохӯрии Президенти ҶИЭ бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сафари ҳайати эронӣ ба шаҳри бостонии Кӯлоб ва зиёрати мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар маҷмӯъ, марҳилаи ҷадидеро дар равобити Тоҷикистону Эрон боз карданд, ки он посухгӯи манфиатҳои ду кишвари дӯст ва ду миллати бародар мебошад.
