Вохӯрии Сафир бо Вазири нерӯи Эрон

17.10.2021 14:26

16 октябри соли 2021 дар Теҳрон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон Алиакбари Меҳробиён доир гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими равобити дуҷониба, аз ҷумла пайгирии тавофуқоти зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (17- 18 сентябри соли 2021) ҳосилшуда ва рафти иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон (7-8 июни 2021, Душанбе) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо зарурати истифода аз имконот ва зарфиятҳои мавҷударо барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун таъкид карданд.

IMG-20211017-WA0065.jpg

IMG-20211017-WA0066.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg