Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Вазири додгустарии Эрон

02.11.2021 13:40

2 ноябри 2021 дар Теҳрон мулоқоти Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири додгустарии Эрон Амин Ҳусайн Раҳимӣ баргузор гардид.  

Дар вохӯрӣ масъалаҳои равобити дуҷониба, аз ҷумла пайгирии иҷрои санадҳои  баимзорасида байни мақомоти дахлдори ду кишвар ва такмили пояи шартномавиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин замина   таъкид шуд, ки ҷиҳати  густариши ҳамкориҳои  дуҷониба дар тӯли сӣ соли муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Эрон заминаи устувори шартномавӣ-ҳуқуқӣ эҷод шудааст, ки ҳудуди 180 аҳдномаву созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дарбар мегирад.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо табодули назар сурат гирифт.  

Baroi-somona-mulokot-bo-Vaz-adliya11.jpg

Baroi-somona-mulokot-bo-Vaz-adliya1111.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg