Табрикот ба муносибати Рӯзи Конститутсия

05.11.2021 12:47

Konstitutsiya-1.jpgСафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамватанони азизамонро, ки бо сабабҳои таҳсил, тиҷорат, табобат ва ғайра дар Эрон қарор доранд, ба муносибати Рӯзи Конститутсия самимона табрик менамояд.

Конститутсияро барҳақ бахтномаи миллат меноманд, зеро он ифодакунандаи манфиат ва ормону иродаи халқи шарафманди тоҷик дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст.

Ин санади тақдирсози миллат бо ибтикор ва ташаббуси ваҳдатофаринӣ ва меҳанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заковату иродаи мардуми фарҳангсолор ва тамаддунофари тоҷик қабул гардида, барои амалӣ гардидани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик ҷиҳати эъмори бинои муҳташами Истиқлолият ва ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон мусоидат намудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди кишвар буда, риояву эҳтироми муқаррароти он замонати саодату сарбаландии миллат аст.

Дар ин рӯзи муборак ба якояки шумо ҳамватанони азиз тандурустиву иқбол дар зиндагӣ ва тавфиқи рӯзафзун дар фаъолиятҳоятон орзу менамоем. Бигзор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равшангари роҳи ҳаёти ободу осудаи мардум ва ҳидоятгари миллат дар масири расидан ба ормонҳои асилу ростини миллӣ бошад.

                       Бо эҳтиром

                                                          Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg