7 ноябри соли 2021 дар Теҳрон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Ализодаро ба ҳузур пазируфт.
Сафири Тоҷикистон Алӣ Ализодаро барои таъйин шудан ба симати Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон табрик гуфта, барояш дар ин ҷода муваффақият орзу намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар намуданд.
