Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат ва ҳамаи ҳамватанони азизро бо Рӯзи Президенти Тоҷикистон табрик мекунад. Таърихи замони Истиқлол собит кард, ки интихоби шакли идораи президентӣ интихоби оқилонаи миллат буд. Сулҳу субот ва созандагиву бунёдкориҳое, ки имрӯз дар кишварамон дорем, самараи шакли идораи президентӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти маҳбуби кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.
Рӯзи Президенти Тоҷикистон ба миллати сарбаланди тоҷик ҳумоюн ва хуҷаста бод!
