21 декабри соли 2021 дар Теҳрон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон Аҳмад Асадзода баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳо байни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар дар самтҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо зарурати истифода аз имконот ва зарфиятҳои мавҷударо барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.
