Рӯзи 10 январи соли ҷорӣ ба муносибати 30-солагии истиқрори равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ҳамоиши “Чашмандози равобити Тоҷикистон ва Эрон” дар ҳамкорӣ бо Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) баргузор гардид, ки дар он масъулони баландпояи мақомоти эронӣ, намояндагони ҳайатҳои дипломатии муқими Теҳрон, аҳли илму адаб ва фарҳанги эронӣ ва теъдоде аз ҳамватанонамон ширкат варзиданд.
Дар ибтидои ҳамоиш паёмҳои табрикии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён ба ширкаткунандагони ҳамоиши ҷашнӣ қироат гардид, ки дар онҳо ҷонибҳо омодагии худро бар тавсеаи беш аз пеши муносибот дар ростои таъмини манфиатҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст таъйид карданд.
Дар суханронии худ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ нақш ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳандозии равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманди мутақобил бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ ва эътимод ба таври вижа таъкид намуда, муруре бар таърихи 30 соли равобити дипломатӣ миёни ду кишвар намуд. Дар суханронии Сафир муколамаи созандаи сатҳи олӣ байни ду ҷониб аз мушаххасоти ин равобит дониста шуд, ки заминаи мусоидро барои тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун миёни Тоҷикистону Эрон фароҳам овардааст.
Ёвари Вазири умури хориҷаи Эрон дар умури Авруосиё Алиризо Ҳақиқиён дар баромади худ ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Эрон номид ва бо ишора ба нахустин сафари хориҷии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки ин сафар марҳилаи навро дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг оғоз намуд.
Дар идомаи ин ҳамоиш Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил - Раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Ҷалил Раҳимии Ҷаҳонободӣ – узви Кумитаи амнияти миллии Маҷлиси шӯрои исломӣ ва Раиси Гурӯҳи дӯстии порлумонии Эрон ва Тоҷикистон, Хусрав Нозирӣ - Дабири кулли ЭКО, Маҳмуд Шолуӣ - муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ, Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ - Раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон, Алиасғари Шеърдӯст - Сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон роҷеъ ба паҳлӯҳои гуногуни равобити сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар дар тӯли 30 соли гузашта суханронӣ намуданд.
Дар поёни ҳамоиш Муҳаммадмаҳдӣ Мирзоӣ, хаттоти маъруфи афғонитабори муқими Теҳрон асари хушнависии худро бо байти устод Рӯдакӣ “Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме”, ки ба нишони эҳтиром ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳимоят аз манфиатҳои мардуми Афғонистон омода намудааст, ба Сафири Тоҷикистон барои расонидан ба Пешвои миллат тақдим намуд.
Дар ҳошияи ин чорабинӣ асарҳои Пешвои миллат ба забонҳои тоҷикиву форсӣ, осори адибони тоҷик, ки дар тӯли 30 соли равобити ду кишвар ба забони форсӣ дар Эрон ба нашр расидаанд, ҳамчунин либосҳои миллӣ, маҳсулоти ҳунарҳои дастии тоҷикӣ ва аксҳои инъикоскунандаи зебоиҳои кишвари биҳиштосои Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд, ки мавриди таваҷҷуҳи вижаи ширкаткунандагони ҳамоиш қарор гирифтанд.
Ҳамоиши ҷашнии мазкур дар шабакаҳои гуногуни телевизион ва радио, ҳамчунин дар расонаҳои давлативу хусусии Эрон бозтоби густарда пайдо намуд.



