31 январи 2022 Маркази пажуҳишҳои Осиёи Марказии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад нишасти маҷозиро дар мавзӯи “Равобити Эрон ва Тоҷикистон; гузашта, ҳозира ва оянда” бо мудирияти доктор Сайидҳодии Разқонӣ – устоди ҷуғрофияи сиёсии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ба таври маҷозӣ баргузор кард.
Дар нишаст Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ва чанде аз соҳибназарон ва устодони Маркази пажуҳишҳои Осиёи Марказии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад суханронӣ карда, андешаҳои худро доир ба таърихи равобити ду кишвар, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон баён карданд. Дар бахши поёнии нишаст Сафири Тоҷикистон ба саволҳои ширкаткунандагони нишасти маҷозӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон посух дод.

