07 феврали соли 2022 Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар раъси ҳайати ҳамроҳ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ташриф овард. Рӯзи 08 феврал мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Додситони кулли ҶИЭ Муҳаммад Ҷаъфари Мунтазирӣ баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои соҳавӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи байналмилалӣ, қочоқи маводди мухаддир ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар фарҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Додситонии кулли ҶИЭ аз ҷониби Юсуф Раҳмон ва Муҳаммад Ҷаъфари Мунтазирӣ ба имзо расонида шуд.
Дар доираи сафари худ Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо Вазири додгустарии Ҷумҳурии Исломии Эрон Амин Ҳусайни Раҳимӣ мулоқот намуд, ки зимни он табодули назар доир ба тақвияти ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар масъалаҳои ҳуқуқӣ сурат гирифт.