16 феврали соли 2022 Сафорати Тоҷикистон дар Эрон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо ҳадафи тарғиби зарфиятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон Намоишгоҳи аксҳои Тоҷикистонро таҳти унвони “Тоҷикистон: ривояти ишқ ба зиндагӣ, инсон ва кӯҳистон”баргузор намуд. Дар намоишгоҳ 40 адад аксҳои суратгир ва филмсози тоҷик Собир Тоҳирзода, ки эҳёи анъанаву суннатҳои бостонӣ, паҳлуҳои гуногуни зиндагии мардуми зебоипарасти тоҷик ва ҳусни нотакрори табиати Тоҷикистонро бозтобӣ мекунанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ, ки бо ҳузури сафирон ва намояндагони Сафоратҳои муқими кишвари иқомат, аҳли фарҳангу ҳунар ва васоити ахбори оммаи Эрон баргузор гардид, Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, Раиси Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Сарвар Бахтӣ, Раиси донишкадаи ҳунарҳои таҷассумии Донишгоҳи ҳунари Теҳрон Муҳаммад Мутарҷимзода суханронӣ намуда, аҳамияти баргузории намоишгоҳи мазкурро дар муаррифиву шинохти Тоҷикистон ва ба ин васила таҳким бахшидани равобит миёни кишварҳои минтақа таъкид карданд. Дар маросими ифтитоҳӣ ҳамчунин филми кутоҳи Собир Тоҳирзода, ки зебоиҳои кӯҳҳои осмонбӯс, дарёҳои хурӯшон, обҳои мусаффои кӯлҳои Тоҷикистон ва ҷозибаҳои дигари сайёҳии кишварамонро инъикос мекунад, ба намоиш гузошта шуд ва мавриди писанди ҳозирон қарор гирифт.
Намоишгоҳи аксҳои Тоҷикистон ба муддати се рӯз дар галереяи Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар маърази диди алоқамандон қарор хоҳад дошт.


