Иштироки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷашни “Наврӯз-2022” дар Бошгоҳи дипломатии Вазорати умури хориҷаи ҶИЭ

16.03.2022 16:47

16 марти соли 2022 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар ҷашни “Наврӯз 2022”, ки бо мизбонии Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён баргузор гашт, бо оростани ғурфаи наврӯзии Тоҷикистон ширкат намуд.  Дар ҷашни мазкур сарони намояндагиҳои хориҷии муқими Теҳрон,  дипломатҳои собиқи кишвари иқомат ва аҳли фарҳанг ширкат варзидаанд. Дар фарҷоми барнома Вазири умури хориҷаи ҶИЭ Амир Абдуллоҳиён ва Сафирони кишварҳои хориҷии муқими Теҳрон аз ғурфаҳои барои ин ҷашн оросташуда дидан намуданд.

IMG-20220316-WA0077.jpg

IMG-20220316-WA0101.jpg

IMG-20220316-WA0089.jpg

IMG-20220316-WA0099.jpg

IMG-20220316-WA0105.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg