16 апрели соли 2024 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов аз Дафтари марказии Ассотсиятсияи консертии MIN-ON боздид намуда, бо Президенти он ниҳод, ҷаноби Коҷӣ Ямагучӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба байни Тоҷикистон ва MIN-ON баррасӣ гардид.