Бизнес-форуми Тоҷикистону Ҷопон

17.05.2024 20:53

17 майи 2024 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ва дар ҳамбастагӣ бо Ассосиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Русия ва ИДМ (РОТОБО), Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД “Тоҷинвест” Бизнес-форум дар мавзӯи “Тоҷикистон ва Ҷопон – векторҳои ҳамкориҳои сармоягузории дар иқтисоди сабз” дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Дар кори ин Форум доираи васеи ширкаткунандагон аз зумраи роҳбарону масъулини вазорату идораҳои давлатии кишвар, соҳибкорону сармоягузорон, роҳбарият ва намояндагони ширкату корхонаҳои бонуфузи ҷопонӣ ва тоҷикистонӣ – дар маҷмуъ зиёда аз 200 нафар иштирок намуданд.

Чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ Директори иҷроияи РОТОБО ҷаноби Коичи Сузуки ва аз ҷониби Тоҷикистон Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Хуршедаи Қодир ва инчунин роҳбари намояндагии Тоҷикистон дар Ҷопон М.Ҷалолов ҳусни оғоз бахшиданд. Аз ҷониби роҳбарияти КВД “Таджинвест”, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди туризми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва рақамикунонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон презентатсияҳо дар бораи имкониятҳои иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар кишвар дар доираи ташаббусҳои декорбанизатсия муаррифӣ шуданд.

Дар кори Бизнес-форум коршиносон аз ҷониби Ҷопон шарҳу назари худро роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ пешниҳод карданд.

Мақсад аз баргузории Бизнес-форуми мазкур таҳкиму густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ аз тариқи ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави амалӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак мебошад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg