28 августи соли 2024 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим бо хизматчиёни давлатии кишвар, ки тибқи барномаи Japanese Development Scholarships (JDS) барои рушди захираҳои инсонӣ дар донишгоҳҳои Ҷопон таҳсилро шурӯъ хоҳанд кард, баргузор гардид.
Зимни суҳбат Сафир ба хизматчиёни давлатӣ дар таҳсил ва пажуҳиши илмӣ муваффақият орзу намуда, ҳамкориҳои рушдёбандаи Тоҷикистону Ҷопон, бахусус аҳаммияти барномаи рушди захираҳои инсониро таъкид кард.
Дар ин самт, ҳидоятҳои Роҳбарияти олии кишвар ва тасмимҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳтар намудани малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ, дар муассисаҳои бонуфузи таълимии кишварҳои тараққикарда, қайд гардид.
Сафир ба ҷониби ҷопонӣ барои мусоидат ва амалисозии барномаҳои рушди захираҳои инсонӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

