28 августи соли 2024 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим бо Президенти Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) доктор Акиҳико Танака баргузор шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҷопон дар доираи лоиҳаҳои татбиқшаванда дар кишвар, бахусус азнавсозии роҳҳо, дастгирии соҳибкории хурд ва бахши кишоварзӣ, таъмини оби нушокӣ, муҳити зист ва тақвияти зарфиятҳои инсонӣ мубодилаи афкор намуданд.

