9 октябри соли 2024 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим бо Комиссари Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ ЭКСПО 2027 ҷаноби Кошикава Казуҳиро барпо гардид.
Зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон дар самти ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ, боғдорӣ ва баргузории Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ ЭКСПО 2027 (GREEN×EXPO 2027) дар шаҳри Ёкоҳамаи Ҷопон баррасӣ гардид.
