Дар бораи машваратҳои сиёсии байниидоравӣ байни Тоҷикистон ва Ҷопон

10.07.2025 16:19

Рӯзи 8 июли соли 2025 дар шаҳри Токио даври навбатии машваратҳои сиёси байниидоравӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардид. Дар ин машваратҳо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Шарифзода Фаррух ва ҷониби Ҷопонро Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Масаки Ишикава раҳбарӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопонро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию башардӯстона, инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Муколамаи "Осиёи Марказӣ + Ҷопон" мавриди баррасии муфассал қарор доданд.

Ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва идомаи муколамаи созанда таъкид карданд. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg