Мулоқоти Сафир бо гурӯҳи нави донишҷӯёни барномаи JDS

02.09.2025 22:09

2 сентябри соли 2025 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим бо хизматчиёни давлатие, ки тариқи барномаи бурсияҳо барои захираҳои инсонӣ (JDS) таҳсилро дар донишгоҳҳои мухталифи Ҷопон оғоз мекунанд, баргузор гардид.

Зимни суҳбат Сафири Тоҷикистон ба иштирокчиёни барнома оид ба сиёсати пешгирифтаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таълиму тарбияи ҷавонон ва омода кардани мутахассисон маълумот дода, қайд карданд, ки масъалаи таълим ва тарбияи ҷавонон яке аз муҳимтарин масъалаҳои давлату ҳукумат ба шумор меравад.

Ба донишҷӯёни барномаи бурсияҳо барои захираҳои инсонӣ (JDS) дар таҳсилу фаъолияти илмияшон муваффақият баён карда, ба ҷониби ҷопонӣ барои дастгирӣ ва мусоидат барои омода кардани мутахассисони баландихтисоси кишвар изҳори миннатдорӣ карда шуд. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg