Мулоқоти сафир бо раиси Бунёди ҷаҳонӣ оид ба баргузории конфронсҳои солонаи сармоягузорӣ

06.09.2025 18:41

4 сентябри соли 2025 дар шаҳри Дубай мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо раиси Бунёди ҷаҳонӣ оид ба баргузории конфронсҳои солонаи сармоягузорӣ (AIM Global Foundation) Довуд Аш-Шизовӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба самтҳои калидии ҳамкорӣ, бахусус истифода аз имконоти сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энергетика, сайёҳӣ, навоварӣ, кишоварзӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ табодули назар карданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg