16 сентябри соли 2025 Нишасти дуюми вазирони энергетикаи Муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” таҳти раисии Вазири иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон муҳтарам Йоҷи Муто баргузор гардид. Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сафарзода Манучеҳр дар чорабинии мазкур ба таври маҷозӣ иштирок ва баромад намуд.
Сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷопон дар ин нишаст ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни ҷаласа намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ имкониятҳои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энергетикӣ дар доираи Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҷопон, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, инчунин қабули “Харитаи роҳ барои расидан ба сифр партовҳои (Carbon Neutrality) карбон барои Осиёи Марказӣ”-ро баррасӣ карданд.