21-22 майи соли 2026 дар ҳошияи сафар ба Ҷопон директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳрӣ Олимшо дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ва Маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICE) мулоқотҳо анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҷопон, бахусус дар самтҳои илму маориф, омода кардани мутахассисони баландихтисос, барномаи Бурсияҳо барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS) ва ташкили курсҳои кутоҳ ва миёнамуддат барои такмили ихтисос мубодилаи афкор намуданд.