12 июни соли 2026 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим бо сардори шуъбаи Осиёи Марказӣ ва Қавқози Раёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ, Шарқӣ ва Қавқози Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ҷаноби Коно Кеничӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот пайгирии натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон (19-20.12.2025), густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон дар самти илму маориф, омода кардани мутахассисон, нақлиёт, зерсохтор ва саноат мавриди баррасӣ қарор гирифт.