12 июни соли 2026 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим бо директори ҳамоҳангсозии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) дар Ҷопон хонум Эрико Ҳибӣ мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ, идоракунии захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувори деҳотро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар татбиқи барномаҳои рушди кишоварзӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ муҳим арзёбӣ гардиданд.
Ҳамчунин, масъалаи омодагии Тоҷикистон ба намоишгоҳи байналмилалии GREEN×EXPO 2027 дар шаҳри Йокоҳама муҳокима гардида, имкониятҳои ҳамкорӣ барои муаррифии дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои кишоварзии устувор, ҳифзи пиряхҳо, идоракунии захираҳои об ва рушди иқтисоди сабз баррасӣ шуданд.