27 июни соли 2026 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон чорабинӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамватанон баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик намуда, оид ба талошу заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани сулҳу субот, рушду пешравии Тоҷикистон, ташаббусҳои глобалӣ, таълиму тарбияи ҷавонону наврасони кишвар ба ватандустӣ, хештаншиносӣ, ҳифзи мероси ниёгон ва арзишҳои миллӣ ва инчунин баланд бардоштани ҳисси миллӣ суханронӣ намуд.