9 июли соли 2026 дар шаҳри Вена, дар доираи ҷаласаи Шӯрои доимии САҲА, қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)”, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июни соли 2026 қабул гардид, муаррифӣ карда шуд.
Зимни суханронӣ, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА Манучеҳр Ҷобир ба ҳозирин роҷеъ ба муҳтавои қатънома, аҳамияти ташаббуси мазкур барои таҳкими сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо маълумоти муфассал манзур намуда, аз кишварҳои иштирокдори САҲА даъват ба амал овард, то дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсола тавассути ҳамкориҳои созанда ва ташаббусҳои муштарак саҳм гузоранд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan
Мо дар Youtube: https://www.youtube.com/@mfa_tj