10 июли соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаевро ба муносибати ба охир расидани фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Дар аснои суҳбат перомуни раванди тавсеаёбандаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба табодули афкор сурат гирифт.
Вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири Қирғизистон дар фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳо таманно карда, барои саҳмгузорӣ дар рушду таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори миннатдорӣ намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan
Мо дар Youtube: https://www.youtube.com/@mfa_tj