Ҷаласаи роҳбарони ташкилотҳо ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикони ҳавзаи консулӣ

19.09.2022 23:20

19 сентябри соли 2022 дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия бо иштироки фаъолон ва роҳбарони ташкилотҳо ва созмонҳои ҷамъиятии тоҷикони ҳавзаи консулӣ, ҷаласаи васеъ баргузор гардид. 

Консули генералии Ҷумхурии Тоҷикистон дар ш. Уфаи Федератсияи Россия Т. Раҳимов бо сухани муқаддамотӣ ба ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистони соҳибихтиёр, дастовардҳои даврони истиқлолият, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба амал омаданд, арзёбӣ карда шуд. 

Ҳамзамон ба ҳамватанони бурунмарзӣ оид ба риояи талаботи қонунҳои кишварамон, ватандӯстиву меҳанпарварӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва инчунин ҷиҳати пешгирии ҳамватанони бурунмарзӣ аз ҳама падидаҳо ва зуҳуротҳои номатлуби ҷаҳони муосир таъкид гардид. Инчунин дар ҷаласа оид ба вазъи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон маълумот дода, аз роҳбарони ҷамиятҳо даъват намуд, ки ҷиҳати роҳ надодан ба муноқиша байни муҳоҷирони тоҷик ва қирғиз дар ҳавзаи уҳдадорӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар рафти ҷаласа масъалаи марбут ба таъсиси Шӯрои ҷамъиятии тоҷикон, дар назди Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати таъсиси он Шӯро матраҳ гардид. 

Дар интиҳо Протокол оид ба натиҷаҳои он ҷаласа ба имзо расид.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg