Cафари кории Консули генералӣ ба Ҷумҳурии Марий Эл

01.10.2022 01:39

Рӯзҳои 27-28 сентябри соли 2022 сафари кории Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия Раҳимов Темур Одинаевич ба Ҷумҳурии Марий Эл баргузор гардид.

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Марий Эл мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Уфаи Федератсияи Россия бо Роҳбари Ҷумҳурии Марий Эл ҷаноби Ю.Зайцев баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба зарфиятҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории ҳарду ҷониб ва дурнамои рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи минтақаҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Марий Эл табодули иттилоотӣ намуданд.     

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба ҳамкориҳои минбаъда ва роҳандозии ҳамкориҳо дар сатҳи минтақавӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, ҷалби сармоягузорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва сайёҳӣ изҳор намуданд.

Хамзамон, зимни сафар корӣ мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия Т.Раҳимов бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва доираи тиҷоратии Ҷумҳурии Марий Эл баргузор гардид. 

Маҷлис таҳти раёсати вазири саноат, рушди иқтисодиёт ва савдои Ҷумҳурии Марий Эл С.Крылов баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур вазири кишоварзӣ ва озуқаворӣ, вазири маориф ва илм, вазири сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар Йошқар-Ола, инчунин намояндагони Агенти оид ба рушди сармоягузорӣ ва содирот, роҳбарони донишкадаҳои  олӣ, Палатаи савдо ва саноат ва намояндагони доираи тиҷоратии Ҷумҳурии Марий Эл иштирок варзиданд.   

Дар рафти чорабинӣ ҳамчунин самтҳои ояндадори ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва дигар самтҳои ҳамкории дуҷонибаи байниминтақавӣ баррасӣ шуданд.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Уфа роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал суханронӣ намуда, аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Марий Элро таъкид намуд. Ҳамзамон, ҷониби Тоҷикистон омодагии худро барои дастгирии ташаббусҳои ҷомеаи тиҷоратии Марий Элро дар Тоҷикистон изҳор дошт.

                                               photo-2022-10-01-21-29-49.jpg

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Марий Эл дар соҳаи маориф ва илм дорои имконоти назаррас мебошад. Аз ҷумла, беш аз ҳаштсад нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Марий Эл, аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии Марий Эл, Донишгоҳи давлатии технологии Поволже  ва Донишкадаи кушодаи иҷтимоии байниминтақавӣ таҳсил мекунанд. 

Дар мулоқот бо роҳбарияти ин донишгоҳҳо ва донишҷӯён Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дурнамои тавсеаи равобит бо Ҷумҳурии Мари Эл хушбин аст ва омода аст, ки ҳар гуна иқдомотро дар мавриди баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм дастгирӣ намояд ва афзуд, ки барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт тамоми заминаҳои зарурӣ мавҷуд аст.                                                                                                

DSC00780.jpg

DSC00810.jpg

DSC00830.jpg

photo-2022-10-01-21-40-13.jpgphoto-2022-10-01-21-40-15.jpg

photo-2022-10-01-21-40-19.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg