Вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи давлатии тиббии Бошқирдистон

06.10.2022 22:18

6 октябри соли 2022 бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа ва роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Бошқирдистон вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷик баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ, кормандони Консулгарии генералӣ оид ба муҳиммияти таърихии Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, тартиби риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, пешгирӣ аз зуҳуротҳои номатлуб, роҷеъ ба тартиби риояи қоидаҳои донишгоҳи мазкур ва баланд бардоштани сатҳи дошиомӯзи таъкид намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg