Вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа бо Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон.

26.10.2022 23:25

26 октябри соли 2022 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Раҳимов Темур Одинаевич бо Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон Назаров Андрей  Генадевич баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ Консули генералӣ дар мавриди рушди ҳамкориҳои иқтисодии мутақобилан судманд суҳбат намуда, ҷиҳати ҷалби сармояи Ҷумҳурии Бошқирдистон ба соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ даъват ба амал овард.

Ҳамзамон, Роҳбари муассисаи консулӣ дар бораи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ки дар Толори давлатии консертии “Бошқирдистон”-и шаҳри Уфа баргузор мегардад, иттилоъ дод.

Дар вохӯрӣ Вазири муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ ва фаъолияти конгрессии Ҷумҳурии Бошқирдистон ва намояндаи Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Уфа иштирок доштанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg