16 ноябри соли 2022 дар шаҳри Уфа бахшида ба Рӯзи Конститутсия, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону фаъолони диаспораи тоҷикон дар Ҷумҳурии Бошқирдистон, донишҷӯёни тоҷик ва тоҷикистониёни муқими ш.Уфа чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Уфаи Федератсияи Россия Т. Раҳимов зимни суханронии худ ҳозиринро бо ин ҷашнҳои бузурги таърихӣ табрик гуфта, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳу субот, дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва боло бурдани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, оид ба аҳамияти таърихӣ ва тақдирсозӣ Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фазои нави сиёсӣ буда ва дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намудааст, арзёбӣ намуд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси давлатӣ - Қурултайи Ҷумҳурии Бошқирдистон С. Харасов ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар ш. Уфа Д. Аҳматгалиев мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати таҷлили ин ҷашнҳои давлатӣ ва пуршарафи Точикистон, табрик гуфтанд.