Тавсеаи ҳамкориҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Бошқирдистон

21.05.2023 23:41

21 майи соли 2023 дар толори давлатии Конгресс-холли шаҳри Уфа вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа бо Муовини якуми сарвазир-Вазири иқтисод ва сиёсати сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Бошқирдистон, Вазири соҳибкорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Бошқирдистон, Вазири муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ ва фаъолияти конгрессии Ҷумҳурии Бошқирдистон баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои сайёҳӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон, инчунин ҷалби сармоя ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, дар доираи вохӯрӣ намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои сайёҳӣ, мавзеҳҳои таърихӣ ва осоишгоҳу курортҳои кишварро муаррифӣ намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg