Таҷлили 32-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ш.Уфаи Федератсияи Россия

12.09.2023 17:01

12 сентябри соли 2023 Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Уфаи Федератсияи Россия ба ифтихори 32-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагиҳои давлатии Ҷумҳурии Бошқирдистон, намояндагиҳои дипломатии аккредитатсияшуда дар Ҷумуҳрии Бошқирдистон ва доираи васеи ҳамватанони бурунмарзии ҳавзаи консулӣ, чорабинии расмӣ баргузор намуд.

Зимни суханронӣ дар ин маъракаи расмӣ, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Уфаи Федератсияи Россия Т.О. Раҳимов ҳозиринро ба ин ҷашни бузурги таърихии кишварамон табрику таҳният гуфта, оид ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишвар, ки бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омадаанд, арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Бошқирдистон - Муовини якуми Вазири ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ ва фаъолияти конгрессии Ҷумҳурии Бошқирдистон Л.М. Изотова, Раиси кумитаи Маҷлиси давлатӣ - Курултаи Ҷумҳурии Бошқирдистон С.Ф. Харасов, Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Бошқирдистон, Академики Академиям илмҳои Россия, доктори илмҳои тибб В. Н. Павлов, Директори филиали Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия дар ш.Уфа, доктори илмҳои иқтисодӣ Р. М Сафуанов ва намояндаи Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар ш.Уфа ҳозиринро ба рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Дар ин чорабинии расмӣ, китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъриху фарҳагии тоҷикон, гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият, аксҳо, манзараҳои зебои кишвар, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва санъати миллии тоҷикон аз қабили либосҳои миллӣ ва асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуда, муаррифӣ гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg