25-27 сентябри соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба вилояти Новосибирск сафари корӣ анҷом дод.
Дар доираи сафари кории худ роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Новосибирск Андрей Травников мулоқот кард. Ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Федератсияи Русия табодули афкор намуданд. Аз ҷумла, ба масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ҳам дар минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳам дар вилояти Новосибирск таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Худи ҳамон рӯз сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси шаҳр Анатолий Локот низ мулоқот анҷом дод.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Д.Гулмаҳмадзода дар доираи сафари кориаш аз Донишгоҳи давлатии аграрии Новосибирск дидан карда, бо ректори он Евгений Рудой мулоқот баргузор намуд.
Сафири Тоҷикистон зимни суҳбат бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалиро шарҳ дод.
Инчунин дар рафти суҳбат ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки аз шароити мусоиди фароҳамомада барои андӯхтани дониш ва рушди ҳамаҷонибаи малакаашон истифода баранд.
Ҳамчунин сафири Тоҷикистон Д.Гулмаҳмадзода зимни сафараш бо роҳбарони диаспораи тоҷикон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолон вохӯрӣ доир намуд. Нахуст роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Маркази тиббии “Сино Медикал”, ки аз ҷониби соҳибкори муввафақи тоҷик Ҷабборов Сайфиддин Зардакович бунёд сохта шудааст, иштирок кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan