20 декабри соли 2023 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия Т. Раҳимов бо Вазири робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва конгресси Ҷумҳурии Бошқирдистон хонум Болычева М. баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи минтақавии Русия ва Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон табодули афкор намуданд.