Вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа бо донишҷӯёни тоҷик

07.03.2024 16:11

6 марти соли 2024 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Т.Раҳимов бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон таҳсил мекунанд, баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ба ҳозирин оид ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият, ташаббусҳои байналмилалӣ ва ҳадафҳои стратегии кишвар, ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва байниминтақавӣ ироа гардид.                               

Дар ин вохӯри, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмулло, вакили Маҷлиси давлатӣ - Қурултойи Ҷумҳурии Бошқирдистон С.Сагитов ва роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Уфа В. Галиакбаров ширкат ва суханронӣ намуданд.  

Консули генералӣ инчунин бо даъвати ректори ин Донишгоҳ дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон иштирок намуд ва бо раванди таълим ва усулҳои таълимии донишгоҳ шинос шуд.

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg