27 апрели соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии технологии Поволже вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Т.Раҳимов бо донишҷӯёни тоҷик баргузор гардид. Консули генералӣ ба донишҷӯёни тоҷик ва иштирокчиёни вохӯри дар бораи дастовардҳо ва рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия ва хусусан бо минтақаҳои ин кишвар маълумот дод. Ҳамчунин мавзӯи рушди илму маориф, фарҳанг ва омӯзиш, ки яке самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҳукумати Тоҷикистон аст, арзёбӣ гардид.
Бо даъватии роҳбарияти ин Донишгоҳ Консули генералӣ дар Фестивали фарҳанги миллӣ «Мост дружбы» иштирок ва дар маросими ифтитоҳ суханронӣ намуд. Дар маросими ифтитоҳи ҷашнвора, инчунин Муовини вазири фарҳанг, матбуот ва корҳои миллии Ҷумҳурии Марий Эл И.Садовин, Ноиби ректор оид ба таълим В.Котлов ва дигар роҳбарони сохторҳои ин донишгоҳ суханронӣ карданд.