Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 2025 аз соати 06:00 то 20:00 дар бинои Консулгарии генералӣ дар суроғаи шаҳри Уфа, кучаи Сюрупи 149 баргузор мегардад.
Дар робита ба ин, дар интихобот шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, даъват карда мешаванд.
Барои иштирок дар овоздиҳӣ шаҳрвандони кишвар бояд бо худ шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошанд.