2 декабри соли 2025 Консули генералии навтаъйиншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа - Файзуллозода Фаридун бо роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Уфа - Венер Муҳаматфатихович Галиакбаров мулоқоти корӣ анҷом дод.
В.М.Галиакбаров Консули генералиро самимона истиқбол карда, ба ӯ дар иҷрои вазифаи пурмасъул муваффақият таманно намуд ва инчунин омодагиро ба ҳамкории созанда иброз дошт.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунии равобити дуҷониба ва байниминтақавиро баррасӣ карда, дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро муҳокима намуданд.
Консули генералӣ ба риояи принсипҳои шаффофият дар консулгариро таъкид карда, омодагии худро барои ҳамоҳангсозии мунтазам бо мақомоти марбутаи Россия, аз ҷумла оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт. Ҳамзамон аҳамияти рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Бошқирдистон муҳим арзёбӣ шуд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.
