
9 декабри соли 2025 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо вазири барқ, об ва энергияи таҷдидшаванда, иҷрокунандаи вазири молия, вазири давлатӣ оид ба умури иқтисодӣ ва сармоягузории Давлати Кувайт доктор Субайҳ Абдулазиз Абдулмуҳсин Ал-Мухайзим, ки ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт мебошад, доир гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба тақвияти равобит дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ, инчунин пайгирии натиҷаҳои ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт табодули афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan